Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 18 кас дар ҳамлаи уйғурҳо ба полис


Шаҳри Қошғар
Шаҳри Қошғар

Радиои Осиёи Озод, мақараш дар Вошингтон, рӯзи 24 июн дар бораи кушта шудани дасти кам 18 нафар бар асари ҳамла уйғурҳо бо корд ва бомб ба як постгоҳи полиси нақлиётӣ дар минтақаи Шинҷони Чин хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳамла рӯзи 22 июн дар шаҳри Қошғар сурат гирифтааст. Дар ин шаҳр миёни уйғурҳои мусалмон ва чиноиҳо солҳои ахир чандин бор бархӯрдҳо ба вуқӯъ пайвастанд, ки бо хунрезӣ поён ёфтаанд. Пекин дар хушунат мусаллаҳони исломгароро айбдор мекунад.

Як манбаъ дар полиси маҳаллӣ ба Радиои Осиёи Озод гуфт, ки дар ин ҳамла гумонбарон чанд корманди полисро куштанд ва полис 15 нафари ҳамлагаронро ҳадафи тир қарор дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса аз 18 то 28 нафар, аз ҷумла, чанд тан аз шоҳидони ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Лу Канг ба хабарнигорон гуфт, ки ин хабар тафтиш мешавад.

Дар Чин тақрибан 20 миллион мусалмонҳо ба сар мебаранд, ки аксари онҳо муқими вилояти Шинҷон-Уйғуранд.

XS
SM
MD
LG