Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Ереван рӯзи чаҳоршанбе аз эътирозгарон алайҳи боло бурдани қимати нерӯи барқ талаб кард, ки роҳи мошингард дар хиёбони ба номи Баграмян дар маркази шаҳрро озод кунанд. Раиси полиси пойтахти Арманистон Ашот Карапетян ҳушдор дод, дар акси ҳол кормандони полис барои озод кардани хиёбон аз нерӯ кор мегиранд.

Намоиши эътирозӣ дар Ереван рӯзи 19 июн баъд аз он шурӯъ шуд, ки комиссиюни танзими хадамоти ҷамъиятӣ нархи нерӯи барқро боло бурд.

Рӯзи сешанбе полис алайҳи эътирозгарон дар хиёбони Баграмян аз мошинҳои обпош истифода кард. Беш аз 230 нафар, аз ҷумла, хабарнигорон, боздошт шуданд. Дасти кам 25 нафар – ҳам эътирозгарон ва ҳам кормандони полис осеб диданд.

Шоми сешанбе эътирозгарон тасмим гирифтанд, ки намоишҳоро аз сар бигиранд. Беш аз 10 ҳазор нафар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эълом доштанд, ки дар намоиши эътирозӣ ширкат мекунанд.

Мақомоти Арманистон ду бор аз эътирозгарон хостанд, ки намояндагонашонро барои мулоқот бо раисиҷумҳур Серж Саргсян фиристанд, аммо ин пешниҳодҳо рад шуданд.

XS
SM
MD
LG