Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев хостори бозгашти Янукович ба Украина шуд


Дафтари раёсатҷумҳурии Украина аз президенти собиқ Виктор Янукович хост, ки ба Киев баргардад ва бегуноҳии худро дар додгоҳ собит кунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раёсатҷумҳурӣ рӯзи 24 июн дар Твиттер хабар дод.

Аз ин пеш Янукович дар сӯҳбат бо Би-Би-Си изҳор намуд, ки масъулияти хунрезӣ ҳангоми эътирозҳо дар Киевро аз гардан соқит намекунад, аммо таъкид кард, ки барои истифода аз силоҳ амр надодааст. Раисиҷумҳури собиқ дар ҳаводиси моҳи феврали соли 2014, ки бар асари задухӯрди аъзои гурӯҳи “Беркут” ва эътирозгарон даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, гурӯҳҳои радикалиро айбдор намуд.

Виктор Янукович моҳи феврали соли гузашта баъд аз задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Киев аз сӯи Верховная Рада аз мақомаш барканор карда шуд. Парлумони Украина интихоботи қабл аз вақти президентиро таъин намуд, ки дар он Петро Порошенко ғалаба кард.

Верховная Рада аз доир кардани импичмент дар баробари Янукович, ки ба Русия фирор карда буд, сарфи назар намуд.

XS
SM
MD
LG