Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 780 кас аз гармо дар Қарочӣ


Дар чаҳор рӯзи гармои бесобиқа дар шаҳри Қарочии Покистон беш аз 780 нафар ба ҳалокат расиданд. Гармо ба моҳи шарифи Рамазон ва мунтазам хомӯш шудани барқ рост омад. Бештари ҳодисаҳои маргу мири афроди кӯҳансол ва фақир дар ин шаҳр бар асари дар Рамазон об нанӯшидани онҳо бастагӣ дорад.

Анвар Казмӣ, як мансабдори Бунёди хайрияи Эдҳӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки теъдоди қурбониёни гармои бесобиқа тайи чаҳор рӯзи ахир ба 800 нафар наздик шудааст. Масъулини вазорати ҳифзи сиҳати Покистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кардаанд.

Афроди сарватманди Қарочӣ, ки генераторҳои барқӣ доранд, тавассути таҷҳизоти шамолдиҳӣ манзилҳои худро садқин нигаҳ медоранд. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Қарочӣ рӯзҳои ахир то 44 дараҷаи Селсия расид.

XS
SM
MD
LG