Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш 32% аҳолии Тоҷикистонро камбизоат гуфт


Як пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки мизони камбизоатӣ дар соли 2014 дар Тоҷикистон 32 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил додааст. Тибқи пажӯҳиши Оҷонсии омори ҳукумати Тоҷикисто, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додааст, 32 дарсади мардуми Тоҷикистон камбизоат мебошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи омори расмӣ дар соли 2013 дар Тоҷикистон 34 дар сади ҷамъият камбизоат будааст. Бар асоси ин пажӯҳиш, афроде, ки моҳона 153 сомонӣ дарёфт мекунад, камбизоат маҳсуб мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан нафаре дар рӯз маблағи 2 доллар дарёфт мекард, камбизоат дониста мешуд. Муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиши Оҷонсии омори ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 24 июн дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG