Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Тюмени Русия рӯзи 23 июн як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми муомила бо пулҳои қалбакӣ ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии Тюмен мегӯяд, Рустам Акрамов моҳи декабри соли 2014 аз як фурӯшандаи пулҳои қалбакӣ дар Маскав 5 пули 5000-рублиро ба даст оварда, рӯзи 29 декабр ду пули қалбакии 5000-рублиашро дар ду мағозаи рустои Онохинои ноҳияи Тюмен ҳангоми харидории ғизову сигор ва арақ истифод бурдааст. Фурӯшандаҳо танҳо бегоҳ ҳангоми ҳисоби дубораи пулашон мефаҳманд, ки бо онҳо бо пулҳоли қалбакӣ ҳисобӣ кардаанд. Ӯ рӯзе баъд як пули қалбакии дигарро мехоҳад барои харидани билети ҳавопаймо то Маскав истифода кунад, вале кассир инро пай мебарад. Рустам Акрамовро рӯзи 31 декабр, ҳамагӣ чанд соат қабл аз Соли нав, вақте дастгир карданд, ки ӯ савори қатори роҳи оҳан мехост аз Тюмен фирор кунад.

XS
SM
MD
LG