Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти мураббиёни "Хуҷанд" ва футболбозони беинтизом


​Бо тасмими кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мураббиёни “Хуҷанд”-и Хуҷанд, инчунин бозигарони беинтизом муҷозот шуданд.

Бо тасмими кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мураббиёни “Хуҷанд”-и Хуҷанд, инчунин бозигарони беинтизом муҷозот шуданд.

Имрӯз, 23 июн, дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҳодисаҳои нохуш ҳангоми бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, бо тасмими кумитаи назорату интизоми ФФТ мураббиёни “Хуҷанд” Қаноат Латифов ва Фаррух Бердиев барои ахлоқи ношоиста дар бозии “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки 21 июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон баргузор шуда, бо ғалабаи мизбонон бо ҳисоби 3-1 хотима ёфта буд, ҳар кадом аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дарвоқеъ, ки кумитаи назорату интизоми ФФТ аз ин пеш сармураббии “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсуфовро аз се бозӣ маҳрум карда буд. Акнун сармураббӣ ва ёваронаш бозии “Хуҷанд”-ро дар даври 9-ум бо дастаи “Барқи тоҷик” аз минбар тамошо мекунанд.

Инчунин бозигарони “Хуҷанд” - дарвозабон Валерий Кашуба барои корти дувуми зард аз як бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ, Соҳиб Ҳакимов барои дашном додани доварон аз 2 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ва Ҳасан Рустамов барои таҳқири тамошобинон аз се бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Дар ин ҷаласа, инчунин, бозигари “Равшан”-и Кӯлоб Суннатулло Холов ва бозигари “Барқи тоҷик” Сорбон Карамов барои занозанӣ дар бозии ҳарду даста дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (21 июн) аз 3 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ муҷозот шуданд.

Бозигари «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан Бехзод Мӯсоев барои бо оринҷ задани рақибаш дар бозӣ муқобили дастаи меҳмон - ССКА «Помир» (21 июн) аз 2 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд.

XS
SM
MD
LG