Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чордараро нируҳои ҳукуматӣ дубора гирифтанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки нируҳои давлатӣ дубора назорат бар вулусволии Чордараи ин кишварро дар шимол баъд аз се рӯзи даргириҳо аз Толибон гирифтаанд.

Шӯришиёни Толиб 21 июн ин вулусволиро дар ҷараёни даргириҳои шадид ба контроли худ дароварда буданд, вале меқомот мегӯянд, ки саранҷом онҳо шӯришиёнро аз ин маркази вулусволӣ рондаанд.

Муҳаммад Умар Софӣ-волии Қундуз гуфт: “Ба мо муяссар шуд, ки субҳи имрӯз қисматҳои аслии вулусволиро ба назорати худ дарорем”. Ба гуфтаи волии вилоят, дар ин ҷангҳо 6 сарбоз ва 85 шӯришӣ кушта шудаанд.

22 июн Толибон вулусволии Дашти Арчиро ишғол карданд ва то ҳол он дар дасти Толибон мебошад.

Хуруҷи нируҳои хориҷӣ ва камтар шудани ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ба шӯришиёни Толибон имкон дод, ки дар баъзе вилоятҳои муҳими Афғонистон ҳамларо оғоз кунанд.

XS
SM
MD
LG