Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмонов қарзи Капеллоро пардохт кард


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Алишер Усмонов-миллирадери Русия ба Иттиҳодияи Футболи Русия 300 миллион рубл додааст, то қарзҳои худро ба Фабио Капелло-мураббии дастаи мунтахаби футболи Русия пардохт кунад.

Капеллои итолёӣ соли 2012 мураббии дастаи футболи Русия таин шуд ва қарордоди вай то соли 2018, яъне то бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол тамдид шуда буд. Қарор аст Русия мизбони ин бозиҳо бошад.

Бино ба гузоришҳо, Капелло яке аз гаронтарин мураббиҳои футбол дар ҷаҳон ба шумор меравад ва дастмузди солонаи вай 7 миллион евро мебошад. Вале вай барои натиҷаҳои бад дар бозиҳо аз мақом барканор шуд.

Моҳи феврал ҳам Алишер Усмонов дастмузди 9 моҳаи Капеллои 69 соларо, ки 400 миллион рублро ташкил медод, пардохт карда буд.

XS
SM
MD
LG