Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис тазоҳуроти Ереванро пароканда кард


Ҷараёни парканда кардани тазоҳуроти эътирозӣ дар Ереван, 23 июн
Ҷараёни парканда кардани тазоҳуроти эътирозӣ дар Ереван, 23 июн

Пулиси Арманистон барои пароканда кардани эътирозгарони майдони марказии шаҳри Ереван мошинҳои обпошро ба кор бурд. Дар ин майдон фаъолон бар зидди боло рафтани нархи истифодаи барқ ба эътироз баромада буданд ва шаби гузашта майдонро тарк накарданд. Субҳи 23 июн нерӯҳои вижаи пулис барои пароканда кардани садҳо нафар эътирозгарон даст ба амал заданд. Эътирозгарон шаб 9 соатро дар майдони марказии назди Кохи раёсати ҷумҳурӣ рӯз карданд.

Эътирозгарон пофишорӣ мекарданд, ки нишасти эътирозии онҳо сулҳомез аст ва Серж Саркисян, раисиҷумҳур 16 дарсад боло рафтани нархи истифодаи барқро бояд бекор кунад. Ин нархҳо аз 1 август ҷорӣ мешавад.​

Баъд аз чанд ҳушдор, ки ин тазоҳурот “ғайриқонунӣ” мебошад, пулис соати 5:30 дақиқаи субҳ амалиёти худро оғоз кард. Хабарнигорони бахши армании Радиои Озодӣ, ки дар маҳали тазоҳурот ҷараёнотро назорат мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, баъзе эътирозгарон ҳангоми кашокаш бо пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Баъдтар пулис гуфт, ки 237 нафарро боздошт кардааст. Чанд нафар аз эътирозгарон ва 11 афсари пулис дар задухурдҳо маҷруҳ шудаанд.

Пулис як дастгоҳи наворбардории Радиои Озодиро, ки мустақиман аз майдон наворҳоро пахш мекард, шикастааст. Афсарони боломақоми пулиси Арманистон гуфтаҳои хабарнигорони Радиои Озодиро дар бораи шикастани камера ё дастгоҳи наворбардорӣ рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG