Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Бишкек се нишони тилло гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова дар Бишкек ҳашт медал ба даст оварданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои Татяна Колпакова, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав дар ҷаҳидан ба дарозӣ, ки рӯзҳои 20-21 июн дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – баргузор шуд, ҳашт медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 18-ум доир гардид, 341 варзишгар аз 5 кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон - ширкат доштанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Алимаҳмад Мирзоев, мудири Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук, рӯзи 23 июн хабар дод. Вай афзуд, “ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар дохил буд. Онҳо дар сабқати мардон қувваозмоӣ карда, 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гирифтанд”.

Варзишгари тоҷик Ҳасан Ғаффоров дар давидан ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо аввалин шуда ба марра расид ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр бо медали тилло мукофотонида шуд. Медали сеюми тиллоро дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Даврон Атабоев, Григорий Дерипаскин, Алишер Пӯлодов ва Азиз Абдуллоев дар эстафетаи 4Х400 метр соҳиб гашт.

Инчунин Даврон Атабоев дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр, Одилшо Исматов дар давидан ба масофаи 800 метр, дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Даврон Атабоев, Григорий Дерипаскин, Александр Пронженко ва Алишер Пӯлодов дар эстафетаи 4Х100 метр бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд.

Медали ягонаи биринҷиро ба Тоҷикистон Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 100 метр овард.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи имсолаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, инчунин мусобиқаи классификатсионӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳсуб мешуд. Вале натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ба меъёрҳои муқарраршудаи олимпӣ мувофиқ нест.

Ёдовар мешавем, ки то ҳоло танҳо як варзишгари Тоҷикистон – Дилшод Назаров – соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 гардидааст. Вай, ки шогирди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук мебошад, ахиран дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

XS
SM
MD
LG