Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон $22 млн. дод


Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ризоят додааст, барои татбиқи ду тарҳ дар бахши тандурустӣ ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон 22 миллион доллари дигар сармоягузорӣ шавад. Дар Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, дувоздаҳ миллон доллари ин сармоягузорӣ ба "Лоиҳаи дуюми корҳои ҷамъиятӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон" дахл дорад. Ин маблағ, ба гуфтаи онҳо, имкон медиҳад, вазъи обёрии 70 000 гектар замин беҳбуд ёфта, ҳудуди се километр шабакаи обёрӣ дар шаш ноҳия - Шаҳритус, Қубодиён, Вахш, Қумсангир, Данғара ва Ваҳдат барқарор шавад. Дар ҳоли ҳозир Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 тарҳро ба маблағи 323,4 миллион доллар иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG