Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хостаи Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳайати порлумонии НАТО


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 22 июн зимни мулоқот бо ҳайати Ассамблеяи порлумонии НАТО хост, то дар ҷараёни сафари худ ба масоили Тоҷикистон ба таври воқеъбинона муносибат намоянд. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 23 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дидору гуфтугуӣ Маҳмадасаид Убайдуллоев бо ҳайати Ассамблеяи порлумонии НАТО, дар раъси Виталино Канас, раиси Кумитаи арзёбии шаҳрвандӣ дар умури амният, шоми рӯзи гузашта баргузор шуд.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, дар ҷараёни ин мулоқот, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аз парламентарҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) хоҳиш намуд, ки "дар ҷараёни боздиди хеш аз Тоҷикистон оид ба вазъи кунунӣ, пешрафти ҳаёти мамлакат дар асоси плюрализми сиёсӣ, эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои демократӣ ва иҷрои барномаҳои созандаи кишвар оид ба бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ воқеъбинона муносибат намоянд."

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунии робитаҳо, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорати ва ҷалби сармояҳои кишварҳои аъзои Иттиҳодияи Аврупо барои амалӣ шудани барномаҳое чун тарҳҳои гидроэненгетикӣ муассир мебошад.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин дидор, масоили вазъи минтақа ва субот дар Афғонистон, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, чун ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Ҳайати порлумонии НАТО, рӯзи душанбеи 22 июн бо як сафари серӯза вориди шаҳри Душанбе шудааст.Дар ҳамин ҳол қарор аст, ки имрӯз, ҳайати Ассамблеяи порлумонии НАТО бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур низ дидору мулоқот анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG