Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвими намоз аз “Мегафон”


Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” низ дар пайи ширкатҳои дигари фаъол дар бозори мобили Тоҷикистон дар рӯзҳои моҳи Рамазон хадамаи вижае ҷорӣ кардааст, куи ба муштариёнаш бо СМС вақтҳои намозро мефиристад. Тақвими намозҳои “Мегафон” бо масҷиди марказии Душанбе ҳамоҳанг карда шудааст.

Дар рӯзи аввали Рамазон “Beeline” эълон карда буд, ки дар ин моҳ барои муштариёнаш тақвими соати намозҳоро бепул аз тариқи СМС тақдим мекунад. Ширкати “Вавилон” чанд сол бозқ ҳар субҳу ҳар шом муштариёнашро аз вақти бастану кушодани рӯза хабардор мекунад.

Ширкати “Тсеll” дар баробари ирсоли тақвими намоз аз тариқи СМС ё чопӣ, дар ду дафтари марказиаш дар Душанбе барои он муштариёнаш, ки дар роҳ мемонанд, бастаҳои рамазонӣ, иборат аз як шиша обу ягон навъ ширинӣ гузоштааст. Ин маърака то поёни моҳи Рамазон давом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG