Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Мансур боздоштгоҳро тарк намуд


Аҳмад Мансур, хабарнигори шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, ки рӯзи шанбе бо дархости мақомоти Миср дар фурудгоҳи Берлин боздошт шуда буд, рӯзи 22 июн раҳо карда шуд. Дар ин бора Додситонии федеролии Берлин хабар дод.

Рӯзи якшанбе раҳбарияти шабакаи телевизионии “Ал-Қоида” аз мақомоти Олмон даъват намуд, ки Аҳмад Масурро фавран озод кунанд. Дар изҳороти шабака гуфта шуд, "ягон кишвар набояд ба Миср иҷоза диҳад, ки онро чун фишанги маҳдудсозии матбуот истифода кунад".

Аҳмад Мансур дар Миср бо иттиҳоми гӯё шиканҷаи як ҳуқуқшинос дар майдони Таҳрири Қоҳира дар соли 2011 ба 15 соли маҳбас маҳкум шудааст. Хабарнигор ва шабакаи “Ал-Ҷазира” ин иттиҳомро рад мекунанд.

Мақомоти Миср “Ал-Ҷазира”-ро минбари ҷунбиши дар кишвар манъшудаи “Ихвон-ул-муслимин” мехонанд.

XS
SM
MD
LG