Пайвандҳои дастрасӣ

СММ аз хатми таҳқиқи низоъ дар Ғаззаҳ хабар дод


Комиссиюни вижаи СММ, ки ҷиноёт ҳангоми низоъ дар навори Ғаззаҳ дар моҳи июли соли гузаштаро пажуҳиш кардааст рӯзи 22 июн дар бораи ҷамъоварии маълумоти кофӣ дар робита ба даст доштани ҳарду ҷониб – ҳам истироилиҳо ва ҳам фаластиниҳо дар ҷиноёти низомӣ хабар дод.

Дар гузориши ахиран нашршуда аз Исроил даъват шудааст, ки маълумот дар бораи меъёрҳои интихоби ҳадафи зарбаҳояшро дар ихтиёри комиссиюн гузорад, зеро он барои арзёбии бетарафонаи зарбаҳо юа наҳори Ғаззаҳ хело муҳим аст.

Бар асари низоъ дар навори Ғаззаҳ, бино ба гузориши СММ, 1462 сокини осоишта кушта ва ҳазорҳо хонаҳо тахриб шудаанд. Муаллифони гузориш аз сӯи фаластиниҳо эъдом шудани ду низомии исроилиро “ҷинояти низомӣ” хондаанд.

Бенямин Нетаняху, нахуствазири Исроил, гузориши комиссиюни вижаи СММ-ро қабл аз нашраш танқид кард ва гуфт, ки Исроил барои ҷилавгирӣ аз ҳалокати мардуми осоишта аз ҳама чораҳо кор гирифт, вале тундравҳо ба шаҳрҳои Исроил мушак меандохтанд ва мардуми Ғаззаҳро чун “сипари зинда” истифода мекарданд.

XS
SM
MD
LG