Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоби раҳбари нави "Созандагони Ватан"


Ҳуқуқшиноси дастгоҳи Кумитаи марказии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон Абдулло Қурбоналӣ Раҳмонзода раҳбари нави “Созандагони Ватан” – ҷиноҳи ҷавонони ин ҳизб – интихоб шуд. Ин тасмим дар анҷумани чоруми “Созандагони Ватан” гирифт шуд. Фирӯза Шарифӣ муовини аввал ва Муҳаммадҷон Аҳрорӣ ва Сураҷ Чоршанбиев муовинони раиси ҷиноҳи ҷавонони ҳизби ҳоким интихоб шуданд.

Абдулло Раҳмонзода соли 1983 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Ӯ дар раҳбарии “Созандагони Ватан” Исфандиёр Абдураҳмоновро иваз мекунад, ки дар ибтидои моҳи май бо эътироз тарки ин мақом кард.

XS
SM
MD
LG