Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русияро барои шаш моҳи оняда – то поёни моҳи январи соли 2016 тамдид карданд. Дар ин бора як намояндаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 22 июн дар Твиттер хабар дод.

Таҳримҳо моҳи июли соли гузашта баъди илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ва пуштибонии Маскав аз ҷудоихоҳони рустабори Донбасс барои як сол ҷорӣ шуда буданд. Моҳи марти соли равон нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтанд, ки тӯли таҳримҳо аз иҷрои созиши оташбаси дар Минск ҳосилшуда вобаста хоҳад буд. Таҳримҳо ба бахшҳои энерҷӣ, молия ва низомии Русия дахл доранд.

Оташбас дар шарқи Украина то ҳол риоя мешавад ва аммо Киев ва ҷудоихоҳони Донбасс ҳамарӯза якдигарро дар нақзи он айбдор мекунанд.

Бар асари даргириҳо дар шарқи Украина, ба иттилои расмӣ, беш аз 6400 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG