Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки ҳамлаи ҷангиёни толиб ба бинои парлуомни кишвар ноком шуд ва ҳамаи ҳафт тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд.

Мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” рӯзи 22 июн ба бинои парлумони Афғонистон ҳамла карданд. Ибодулло Каримӣ, намояндаи полиси шаҳри Кобул гуфт, ки маргталаб худро дар назди бинои парлумони тарконд ва ба думболи ин чанд тан аз ҷангиён дар бинои канори парлумон мавқеъ гирифтанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, суханӯги вазорати умури дохилии Афғонистон, гуфт, ки ҳамлаи толибон баргардонида шуд ва онҳо дар як бинои нимабунёди наздикиҳои парлумон панаҳ бурда буданд.

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки дар ин ҳамла ба вакилони парлумон осебе нарасидааст.

Намояндаи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид эътироф кард, ки ҳамла ба парлумонро ҷангиёни ин гурӯҳ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG