Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси тарҳи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тифле, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз падару модари хориҷӣ таваллуд мешавад, ҳаққи дарёфти шаҳрвандии ин кишварро хоҳад дошт. Ин тарҳ рӯзи 22 июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагон баҳсу баррасӣ шудааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, гуфт, "ин лоиҳа аз ҷониби ҳукумат ба парлумон ироа шуда ва онро дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси Намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон муаррифӣ кард." Дар ҳамин ҳол, яке аз вакилони парлумон гуфт, "тибқи ин лоиҳа дар сурати таваллуд шудани фарзанд тавассути афроди хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тифл ҳақ дорад, бо ризояти волидайн шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шавад." Ҳамчунин, ба гуфтаи ин вакил, "дар ҳолатҳои дигар агар яке аз волидайни фарзанд шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, дар ин маврид низ бо розигии падару модар, метавонад шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт намояд." Қарор аст, ин тарҳ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Намояндагон, ки 24 июн баргузор хоҳад шуд, баррасӣ ва тасвиб гардад.

XS
SM
MD
LG