Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон Дашти Арчиро тасарруф карданд


Мақомоти афғон мегӯянд, ки мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” дуввумин волусволии вилояти Қундуз дар шимоли кишварро тасарруф карданд. Муҳаммад Юсуф Айюбӣ, раиси шӯрои вилоят, рӯзи 22 июн хабар дод, ки толибон аз чаҳор самт ба волусволии Дашти Арчӣ ҳамла намуда, баъди даргириҳои шадид бо нерӯҳои амнияти маҳаллӣ ин минтақаро таҳти назорат қарор доданд. Ӯ афзуд, ки дар ин задухӯрд нерӯҳои маҳаллӣ талафот додаанд, аммо шумораи қушташудагону захмиён маълум нест.

Тақрибан 150 ҳазор аз сокинони волусволӣ аз имкони тарки маҳали зисташон маҳрум мондаанд.

Як рӯз пеш толибон волусволии Чордараи Қундузро ҳам ишғол карданд. Онҳо моҳи апрел талоши тасарруфи маркази вилоят шаҳри Қундузро карда буданд, аммо ҳамлаашон аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон баргардонида шуд.

XS
SM
MD
LG