Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 22 июн, мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми президенти Қазоқистон бо тими Испания бозӣ мекунад.

Мунтахаби наврасони футболи зери 16-солаи Тоҷикистон (U-16) имрӯз, 22 июн, дар нахустин даври мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона бо тими Испания рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 15:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба ҳайати дастааш 18 бозигар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро дохил кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар дар Ҷоми президенти Қазоқистон дар гурӯҳи «А» ба ҷуз мунтахаби наврасони Испания, 23 июн бо тими Қирғизистон ва 25 июн бо мунтахаби Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомиланд. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош мекунанд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 6 ҳазор доллар мукофотонида мешавад. Ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми президенти Қазоқистон:

дарвозабонҳо: Сироҷиддин Ҳусейнов («Помир»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Амир Иброҳимов, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама аз «Помир»);

нимҳимоятарон: Зиёвуддин Фузайлов («Истиқлол»), Фаридун Неъматов, Исломиддин Ғоибов, Шамсулло Ҷӯраев, Шервонӣ Муҳаббатшоев, Искандар Солиев, Саидмухтор Азимов (ҳама аз «Помир»);

ҳамлагарон: Мубинҷон Муъминов, Рамз Амрохонов, Аслам Камолов, Аваз Камчинов (ҳама аз «Помир»).

Мусобиқаи 8-уми байналмилалии наврасон баро Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «А»: Қазоқистон, Испания, Тоҷикистон, Қирғизистон.

Гурӯҳи «В»: Русия-2, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

22 июн (душанбе)

11.00 – Беларус – Озарбойҷон

13.00 – Русия-2 – Гурҷистон

15.00 – Испания – Тоҷикистон

19.30 – Расми кушоиши мусобиқа

20.00 – Қазоқистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

23 июн (сешанбе)

11.00 – Беларус – Гурҷистон

14.00 – Русия-2 – Озаройҷон

17.00Тоҷикистон – Қирғизистон

20.00 – Қазоқистон – Испания

Даври 3-юм

25 июн (панҷшанбе)

11.00 – Гурҷистон – Озарбойҷон

14.00 – Русия-2 – Беларус

17.00 – Испания – Қирғизистон

20.00 – Қазоқистон – Тоҷикистон

Бозиҳои ниҳоӣ

26 июн (ҷумъа)

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

15.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

20.00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG