Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ликёри заҳрогин 94 нафарро дар Ҳинд кушт


Маъмурони пулиси шаҳри Бомбайи Ҳинд мегӯянд, шумораи қурбониёни ликёри дастсохт ва заҳрогин дар яке аз гӯшаҳои фақирнишини шаҳр ба 94 нафар расид ва 45 тани дигар ҳоло дар бемористон ҳастанд. Дананҷай Кулкарни, муовини сардори раёсати пулиси Бомбай рӯзи 21-уми июн гуфт, шояд, шумораи қурбониён бештар шавад. Баъди истеъмоли машруботи заҳрогин дар рӯзи 18-уми июн даҳҳо нафар бемор ва ҳалок шуданд. Барои интиқол ва фурӯши ин ликёри дастсохти хонагӣ ба коргарони фақир 5 нафарро дастгир карданд ва 8 маъмури пулис ҳам барои фориғболӣ мувақаттан аз кор барканор шудаанд. Дар Ҳинд ҳалокат аз шаробҳои дастсохт, ки умдатан ба он спирти заҳрогини саноатӣ изофа мекунанд, зиёд ба назар мерасад, зеро мардуми камбизоат ба далели гарониаш машруботи аслӣ харида наметавонанд.

XS
SM
MD
LG