Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳиқи вебсайти муттаҳам ба қатли 9 сиёҳпӯст


Дайлен Руф рӯзи 18-уми июн дастгир шуд.

Дайлен Руф рӯзи 18-уми июн дастгир шуд.

Муфаттишони амрикоӣ вебсайтеро таҳқиқ мекунанд, ки зоҳиран Дайлен Руф, як ҷавони муттаҳам ба қатли 9 сиёҳпӯст дар Амрико сохтааст. Ин ҷавон рӯзи 17-уми июн ҳамаи 9 нафарро, ки барои ибодат ба як калисои таърихӣ дар аёлати Каролинаи Ҷанубӣ омаданд, тирборон кард. Дар вебсайте, ки хабарнигорони мардумӣ ошкор карданд, аксҳои Дайлен Руф гузошта шудааст, ки парчами Амрикоро месузонад. Дар он ҳамчунин эъломияи нажодпарастона бо номи “Охирин родезиянӣ” нашр шудааст. Яке аз сухангӯёни FBI, Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико рӯзи 20-уми июн гуфт, “муфаттишон барои маълум кардани аслӣ будани вебсайт” чора меандешанд. Дар ин баёния омадааст, “Мо на скинхед дорем, на куклскан, ҳеҷ кас ба ғайр аз гап задан дар Интернет коре намекунад. Касе бояд ҷасорат дошта бошад ва ин корро дар ҷаҳонӣ воқеӣ кунад ва фикр мекунам, ин кас бояд ман бошам.” Маъмурони интизомии Амрико Дайлен Руфро рӯзи 18-уми июн дастгир карданд ва ӯро дар ҳуҷраи боздоштгоҳе дар шаҳри Чарлстон дар Каролинаи Ҷанубӣ нигаҳ медоранд. Ин ҷавон ба қатли 9 нафар муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани гуноҳаш мумкин аст, ӯро ба қатл маҳкум кунанд.

XS
SM
MD
LG