Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Шабоб ба тамрингоҳи Сомалӣ ҳамла кардааст


Ҷангҷӯёни созмони Ал-Шабоб масъулияти ҳамлаи маргбор ба як тамрингоҳи низомӣ дар шаҳри Муқадишу пойтахти Сомалиро бар дӯш гирифтанд. Дар ин ҳамла, ки субҳи 21-уми июн сурат гирифт, дасти кам як маъмури амниятӣ кушта шудааст. Абдуазиз Абумусаб, як сухангӯи созмони Ал-Шабоб ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, дар ин ҳамла “маъмурони зиёди амниятӣ” ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷангҷӯён ба дохили пойгоҳ ҳамла кардаанд, ки дар наздикии қароргоҳи Кумитаи иттилоот ва амнияти миллии Сомалӣ воқеъ шудааст. Мақомоти пулис гуфтанд, ки дар воқеъ як маъмури амниятӣ ва чаҳор ҷангҷӯи Ал-Шабоб кушта шудаанд. Ба қавли шоҳидони айнӣ, аввал як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба дари пойгоҳ равона кардааст ва сипас афроди мусаллаҳ вориди онҷо шудаанд. Рӯзе пештар аз ин дар ҳамлае ба посгоҳи пулис дар шаҳри Афгуӣ, 30 километрии шаҳри Муқадишу 8 маъмури пулис кушта шуданд. Ин ҳамларо ҳам кори дасти Ал-Шабоб медонанд, ки як созмони вобаста ба Ал-қоида аст.

XS
SM
MD
LG