Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии нерӯҳои Афғонистон ба ҳамлаи ҷавобӣ


Гурӯҳҳои худмуҳофизатии афғон, ки моҳи май ба Толибон дар Кундуз муқовимат мекарданд.

Гурӯҳҳои худмуҳофизатии афғон, ки моҳи май ба Толибон дар Кундуз муқовимат мекарданд.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон мегӯянд, барои ҳамлаи ҷавобӣ ба Толибону ҷангҷӯёни вафодор ба гурӯҳи Давлати исломӣ омодагӣ мегиранд, ки як ноҳияи вилояти Кундуз дар наздикии марзи Тоҷикистонро ишғол карданд. Муҳаммадюсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилояти Кундуз гуфт, ки Толибон ду рӯз баъд аз ҳамла ба ноҳияи Чордара, рӯзи 20-уми июн ин ноҳияро тасарруф карданд. Ноҳияи Чордара аз маркази вилояти Кундуз 5 километр дуртар воқеъ шудааст ва онҳоро як рӯдхона аз ҳам ҷудо мекунад. Толибон ҳамчунин минтақаи Гултеппа дар шимолуғарби Кундузро дар даст доранд. Ду ҳазор ҷангҷӯёни Толиб ва тундравон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи апрел дар ин гӯшаи Афғонистон басиҷ шуданд ва сипас ба вилояти Кундуз ҳамла карданд. Аксари онҳо аз минтақаҳои қабиланишини Покистон аз Вазиристони Шимолӣ гурехтаанд, чунки дар онҷо артиши Покистон амалиётеро барои пок кардани минтақа аз ҳузури тундравон анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG