Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ба хабарнигорон вазъро шарҳ медиҳад


Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, 22 июн бо баргузории як нишасти матбуотӣ вазъи ин ҳизб дар моҳҳои охир ва, инчунин, масъалаи омадан ё наомадани Муҳиддин Кабириро шарҳ хоҳанд дод. Ин нишаст дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, баъд аз интихоботи парлумонии 1 март дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад ва 19 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, то 27 июн - рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Тоҷикистон биёяд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҲНИТ аз фишори афзоянда болои аъзои худ дар гӯшаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд ва ҳамакнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори видео мечархад, ки дар онҳо сокинон худро узви ҲНИТ муаррифӣ карда, эълон медоранд, бо хоҳишашон аз ин ҳизб даст кашидаанд. Ҳизби наҳзати исломӣ бо беш аз 40 ҳазор узваш аз ҳизбҳои умдаи мухолиф ба ҳисоб мерафт ва ҳамагӣ то чанд моҳи пеш соҳиби ду курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон буд. Аммо дар интихоботи моҳи марти соли ҷорӣ ин ҳизб натавонист курсиҳояш дар парлумонро ҳифз кунад.

XS
SM
MD
LG