Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико: "Ҳимояти Эрон аз терроризм кам нашудааст"


Ҳукумати Амрико гуфт, ҳимояти Эрон аз созмонҳои байналмилалии террористӣ дар соли гузашта камтар нашудааст ва баръакс дар баъзе аз самтҳо зиёдтар шудааст. Дар як гузорши тозаи вазорати умури хориҷии Амрико аз рӯзи 19-уми июн омадааст, на интихоби Ҳасан Рӯҳонӣ ба мақоми раиси ҷумҳур, на дурнамои созиши атомӣ бо Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ сиёсати Эрон дар Ховари Миёнаро нарм накардаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, бо вуҷуди онки аксари қатлу куштору харобӣ дар соли 2014 аз дасти гурӯҳи Давлати исломӣ ва Толибон будааст, аммо хатар аз Эрон ва гурӯҳҳои вобастаи он ҳамчунон мондааст. Аз ҷумла Теҳрон кӯмакҳояшро ба гурӯҳҳои мусаллаҳи шиамазҳаб дар Ироқ зиёд кардааст ва ҳамчунон ба гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва гурӯҳҳои фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ёриҳои иттилоотӣ, пулӣ ва низомиашро идома додааст. Бар тибқи гузориши вазорати умури хориҷии Амрико, Эрон ҳамчунон ҳуввиятии намояндагони баландпояи Ал-қоидаро, ки дар боздошт дорад, ошкор онҳоро муҳокима накардааст.

XS
SM
MD
LG