Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2,5 соли зиндони Матанов барои робита бо Тсарнаевҳо


Хайруллоҷон Матанов
Хайруллоҷон Матанов

Мақомоти интизомии Амрико мегӯянд, ки яке аз дӯстони Ҷоҳар Тсарнаев, ки барои бамгузорӣ дар марафони Бостони Амрико ба зиндон маҳкум шудааст, 18 июн барои эҷод кардани мушкилот дар расидагии ин ҳодиса ба FBIё Бюрои федеролии бозрасии Амрико ба дуним соли зиндон маҳкум шудааст.

Ин дӯсти Ҷоҳар бо номи Хайруллоҷон Матанов шаҳрванди Қирғизистон будааст, ки моҳи март навиштаҳои интернетии худро пок кардааст ва хостааст, ки телефони ҳамроҳашро пинҳон кунад. Гузашта аз ин, вай баъд аз ин бамгузорӣ дар бораи мулоқотҳояш бо бародарон Тсарнаевҳо дурӯғ гуфтааст.

Тақрибан баъд аз як соати бамгузорӣ 15 апрели соли 2013 Матанов ба бародари калонии Тсарнаев ба Тамерлан занг задааст ва онҳоро ба хӯрокхӯрӣ даъват кардааст.

Баъдтар огаҳӣ ёфтааст, ки бародарон Тсарнаевҳо дар марафон бамгузорӣ кардаанд, вай навиштаҳои интернетиро пок кардааст ва ба пулис дар бораи робитааш бо бародарон дурӯғ гуфтааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки Матанов аз нақшаҳои бамгузории Тсарнаевҳо огаҳӣ надоштааст, вале бо чунин рафтораш кори тафтишотро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG