Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куҳансолтарин одами ҷаҳон дар Амрико даргузашт


Ҷералин Толлей

Ҷералин Толлей

Калонсолтарин одами ҷаҳон дар синни 116 солагӣ дар хонаи худ дар Детройт даргузашт. Хонум Ҷералин Толлей, ки одами комилан мазҳабӣ буд, 23 маи соли 1899 дар аёлати Ҷеорҷияи Амрико ба дунё омада буд. Духтари вай Телма Ҳолловей хабар дод, ки модараш 17 июн даргузаштааст.

Духтараш Ҳолловей 77 сола аст ва дар ин бора ба рӯзномаи Detroit Free Press хабар дод. Толлейро духтараш ва се насли наберагону аберагону чаберагонаш нигаҳбонӣ мекарданд.

Толлей калонсолтарин одами ҷаҳон шинохта шуда буд. Баъд аз омӯзиши сину соли бузургсолони ҷаҳон Гурӯҳи таҳқиқотии куҳансолшиносии Амрико ба чунин хулоса расидааст.

Ҳоло баъд аз Толлей шаҳрванди дигари Амрико сокини Нию Йорк Сусанна Мушатт куҳансолтарин одами ҷаҳон ба шумор меравад. Сусанна 16 июли соли 1899 ба дунё омадаст ва ҳоло 115 солу 347 рӯз дорад. Зиндагии вай дар қарни 19 оғоз ёфта буд ва акнун дар қарни 21 зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG