Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Мумбай 33 нафар аз нӯшобаи спиртӣ ҷон доданд


Дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 33 нафар баъд аз нӯшидани нӯшобаи алколӣ ҷон додаанд. Пулис мегӯяд, ки баъд аз истеъмоли ин нӯшобаи алколӣ билофосила 18 нафар дар яке аз қисматҳои фақирнишини Мумбай 18 июн ҷон бохтаанд. 15 нафар рӯзи дигар ҷон додаанд.

Бештар аз 20 нафар ба шифохона интиқол дода шудаанд. Пулис мардеро, ки ин нӯшобаро дуруст карда буд ва дар ин маҳали фақирнишин барои сокинон ба фурӯш гузошт, бозпурсӣ мекунад.

Ҷон бохтан аз нӯшобаҳои алколии худсохт дар Ҳиндустон падидаи маъмулист, зеро табақаи фақири аҳолӣ наметавонанд нӯшокиҳои спиртии маъмулиро харидорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG