Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозаҳо пиромуни боздиди нахуствазири Юнон аз Русия


Алексис Тсирпас
Алексис Тсирпас

Аркадий Дворкович-муовини нахуствазири Русия нахост дар остонаи мулоқоти 19 июни раҳбарони Русияву Юнон дар бораи додани қарзи Русия ба Юнон маълумот диҳад.

Ҳоло Юнон дар музокироташ бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул барои гирифтани қарз ба бунбаст рӯ ба рӯ шудааст. Интизор намеравад, ки бидуни кӯмак ин кишвар 1,8 миллиард доллар қарзи худро то 30 июн пардохт кунад.

арои баррасии ин масъала 22 июн раҳбарони Аврупо мулоқот мекунанд.Аз сӯи дигар, Алексис Тсирпас-нахуствазири чапгарои Юнон аз моҳи апрел то ҳол бори дуввум аз Русия боздид мекунад ва интизор меравад, ки дар ҳамоиши иқтисодии Санкт Петербург ширкат ҷӯяд. Ин ҳамоиш 18 июн оғоз шуда буд.

Ин боздиди Тсирпас аз Русия сару садоҳоеро ба бор овардааст, ки мумкин аст вай аз Русия қарз бихоҳад. Ҳар гуна иқдоми Русия барои кӯмак ба Юнон ба ин маъно хоҳад буд, ки Путин мехоҳад дар Иттиҳодияи Аврупо тафриқа эҷод кунад.

XS
SM
MD
LG