Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷики муқими Қазоқистон 18 сол зиндонӣ шуд


Наҷмиддин Норматов дар додгоҳ

Наҷмиддин Норматов дар додгоҳ

Додгоҳе дар Қазоқистон Наҷмиддин Норматов, як шаҳрванди тоҷиктабори ин кишварро ба ҷурми куштори Бахтиҷон Ортиқов -- корманди Идораи андоз дар минтақаи Сариоғоч ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Ин куштор шаби севуми феврали соли ҷорӣ иттифоқ уфтода, тазоҳуроту бетартибиҳоро ба дунбол дошт ва баъд аз он хонаводаи Наҷмиддин Норматов маҷбур шуданд, ба вилояти Чимкенти Қазоқистон кӯчида ва то ҳол таҳти назорати пулис зиндагӣ кунанд. Қаблан намояндаи додситонӣ аз додрас хоста буд, Наҷмиддин Норматовро ба ҳабси абад маҳкум намояд.

Оқои Норматов ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ аз хонаводаи Бахтиҷон Ортиқов узрхоҳӣ карда, гуфтааст, мақсад надошт дувумиро бикушад ва ин кор, ба қавли вай, ҳангоми ҷангҷол тасодуфӣ рух додааст. Дар ҷавоб оилаи Бахтиҷон аз Наҷмиддин Норматов талаб кардаанд, номи дигар омилони қатли ӯро ошкор кунад, то онҳо низ ҷазо бигиранд.

Наҷмиддин Норматов ба унвони гумонбари кушторе, ки сабаби ошӯб ва ҳамла ба манзилу моликияти шаҳрвандони тоҷиктабори ноҳияи Сариоғоч дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ шуд, моҳи феврал дар Узбакистон боздошт ва баъдан ба Қазоқистон интиқол ёфт. Пулиси Қазоқистон мегӯяд, ин ду нафар дар заминаи робитаҳои тиҷоратии байниҳамӣ муноқиша кардаанд ва Норматов, ки гӯё аз пардохти иҷораи гармхонаи Ортиқов саркашӣ кардааст, дувумиро бо зарби корд ба ҳалокат расондааст.

XS
SM
MD
LG