Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи ҷумъа дар ҳайати роҳбарии бахшҳои амнияти миллӣ, идораи замин, меъморӣ ва сохтмон, телевизион ва радио тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 19 июн дар ҳайати роҳбарии бахшҳои амнияти миллӣ, идораи замин, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио ва нашрияи расмии "Ҷумҳурият" тағйироти кадрӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, Ҷумъа Давлатов аз вазифаи ёрдамчии расиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар Маҷлиси Олӣ аз вазифааш озод ва ба мақоми директори Оҷонсии хизмати давлатӣ таъин шудааст.

Бо қарорҳои ҳукумат, Саъдӣ Қодирзода сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Карим Холов - директори генералии "Тоҷиктрансгаз" гардидаанд.

Лутфуллоҳ Давлатзода аз раҳбарии телевизиони "Сафина" барканор ва мудири Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт таъин шудааст. Ба ҷойи ӯ Зевар Давлатзода омадааст, ки то ин дам мудири телевизиони кӯдакону наврасон - "Баҳористон" буд. Лутфуллоҳ Давлатзода, инак, мудири нави театри ба номи Лоҳутӣ тайи тақрибан шаш соли охир раиси телевизиони "Сафина" буд. Ӯ соли 1958 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм кардааст. Солҳои 2006-2008 ба ҳайси муовини аввали мудири Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон "Баҳористон" ва солҳои 2008-2009 ҳамчун мудири Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" кор кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бар асоси қарорҳои нав, Зарробиддин Қосимӣ - корманди дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мудири хабаргузории расмии "Ховар" таъин шуда, дар ин мақом Садриддин Шамсуддинзодаро иваз кардааст. Дувумӣ ҳоло муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ноиби собиқи раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Амирзода ба ҷойи Зевар Давлатзода мудири шабакаи телевизиони "Баҳористон" таъин шудааст. Фаррух Зиёев ба ҷойи Абдурашид Ализода директори радиои Тоҷикистон ва Қурбоналӣ Раҳмонзода сардабири нашрияи "Ҷумҳурият" таъин шудаанд. Раҳмонзода то кунун мушовири калони бахши ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд.

Абдурашид Ализода, мудири радиои Тоҷикистон ва Муҳаммад Ғоиб, сардабири "Ҷумҳурият" ба нафақа баромадаанд.

Сӯҳроб Алиев - раиси "Тоҷиктелерадиоком" низ аз вазифааш барканор ва сардори Бозрасии назорати телевизион шудааст. Ҳоло Хуршед Ҳабибов иҷрокунандаи вазифаи раиси "Тоҷиктелерадиоком" мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG