Пайвандҳои дастрасӣ

Тасдиқи либоси ягонаи фурӯшандаҳо дар Хуҷанд


Ҳукумати Хуҷанд дар бораи ҷорӣ кардани либоси ягона барои занони фурӯшанда қарор баровардааст. Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи раиси Хуҷанд, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, "тасмими ҷорӣ кардани либоси ягона барои занони фурӯшанда дар мағоза, бозор ва марказҳои тиҷоратӣ бар асоси пешниҳоди бархе аз сокинон ва рияои талабаоти санитарӣ гирифта шудааст". Оқои Дадобоев афзуд, сокинон дар пешниҳоди худ ба ҳукумат гуфтаанд, харидору фурӯшандаро аз рӯи либоси онҳо наметавон фарқ кард ва бинобар зарурати таҳияи либоси ягона барои занҳои фурӯшанда ба миён омадааст. Сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд мегӯяд, "ҳар муасссисаи савдо дар интихоби либос озод аст, аммо талаботи аслӣ сарбанди сафед бастани занони фурӯшанда мебошад."

XS
SM
MD
LG