Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дӯстонаи “Истиқлол” бо “Газовик” дар Душанбе


“Истиқлол”-и Душанбе бо “Газовик”-и Оренбурги Русия 20 июн бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, бо тими “Газовик”-и Оренбург, ки ба Лигаи миллии футболи Русия шомил аст, бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи шанбеи 20 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад.

Дар арафаи ин бозӣ, имрӯз, 19 июн, соати 18:15 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Ба саволҳои хабарнигорон сармураббиёни ҳарду даста - Мубин Эргашев (“Истиқлол”) ва Роберт Евдокимов («Газовик») посух медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳайати «Газовик» ҳимоятгар Фарҳод Восиев, капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон, бозӣ мекунад. Вай аз соли 2013 шарафи ин бошгоҳро ҳифз менамояд. Дарвоқеъ, бародари бузурги Фарҳод – Дилшод Восиев – капитани дастаи “Истиқлол” аст. Бозии дӯстонаи “Истиқлол” ва “Газовик” як навъ рақобати хоси бародарон Восиевҳо хоҳад шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, пеш аз оғози бозии “Истиқлол” бо “Газовик” дар Варзишгоҳи марказӣ консерт бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мешавад. Баъди анҷоми бозӣ аз рӯи билетҳои даромад ба варзишгоҳ, ки нархаш 15 сомонӣ муқаррар шудааст, бозии лотерея доир хаҳад шуд. Бурдҳои лотерея гуногунанд, аз он ҷумла се телефони мобилии «iPhone 6» ва се планшети «iPad».

Ёдовар мешавем, бозии охирини байналмилалии дӯстонаи “Истиқлол” 13 октябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳайати ҷавонони “Шальке-04»-и Олмон баргузор шуда буд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид, вале дар задани силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метра футболбозони олмонӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

XS
SM
MD
LG