Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шатранҷбозони Қазоқистон дар Хоҷаобигарм


Сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо пирӯзии шатранҷбозони Қазоқистон анҷом ёфт.

Дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар Осоишгоҳи Хоҷаобигарм, 60-километрии шимоли Душанбе, доир гашт, шатранҷбозони Қазоқистон пирӯз шуданд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, 49 шатранҷбоз (35 мард ва 14 зан) аз панҷ кишвари минтақа - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон – ширкат доштанд.

Дар сабқати мардон гроссмейстери байналмилалӣ Ринат Ҷумъабоеви қазоқ бо 8 имтиёз ғолиб шуд. Вай 6 ғалаба ба даст оварда, ду бозиро мусовӣ кард. Юсуф Атабоеви туркман ҷойи дувумро гирифт. Дар сабқати занон Динара Садуакасоваи қазоқистонӣ бо шашуним имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Ба ин тартиб, Ринат Ҷумъабоев ва Юсуф Атабоев ба даври баъдии Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот, ки аз 10 сентябр то 4 октябри соли равон дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Динара Садуакасова бошад, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни занон мушарраф шуд.

Дар байни шатранҷбозони тоҷик Алишер Каримов ва Ҷамшед Исоев натиҷаи нисбатан хубтар нишон дода, панҷимтиёзӣ гирифтанд.

Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз ҳама бештар – 16 нафар (14 мард ва 2 зан), Қазоқистон 12 нафар (6+6), Узбакистон 10 нафар (6+4), Туркманистон 8 нафар (7+1) ва Қирғизистон 3 нафар (2+1) дохил буданд. Дар сабқати мардон ҳашт гроссмейстери байналмилалӣ ё бузургустод (4 нафар аз Қазоқистон ва 2-нафарӣ аз Туркманистону Узбакистон) ва дар сабқати занон се гроссмейстер аз Қазоқистон ширкат доштанд. Аз рӯи натоиҷи сабқати мардон ду нафар беҳтаринҳо ва ғолиби сабқати занон ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтанд”.

Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, солҳои ахир дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати кишвар ба рушди шоҳмот таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад. Ин мусобиқаи минтақавӣ бо кӯмаку дастгирии Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Федератсияи шоҳмоти кишвар мебошад, доир шуд.

XS
SM
MD
LG