Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” дар ¼ финали Ҷоми AFC бо “Паҳанг” рӯбарӯ мешавад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо тими “Паҳанг”-и Малайзия бозӣ мекунад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC-2015 бо тими “Паҳанг”-и Малайзия рақобат мекунад. Рақиби “Истиқлол” имрӯз, 18 июн, дар натиҷаи қуръакашӣ, ки дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур доир гашт, маълум шуд.

Бозии аввал 26 август дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантана баргузор мешаванд. Дар мавриди пирӯзӣ «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт» (Кувайт) — «Китчӣ» (Ҳонконг) рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷкистон, агар «Истиқлол» ба финали Ҷоми AFC роҳ ёбад, он гоҳ бозии ниҳоӣ 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҷоми AFC-2015

Чаҳорякфинал. Бозиҳои аввал

25 август (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг)

26 август (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

Чаҳорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия)

16 сентябр (чоршанбе)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

Нимфинал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш» — Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна»

30 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ» — Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти “Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш»

21 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» — Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ»

Финал

31 октябр (шанбе)

XS
SM
MD
LG