Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи узви раёсати ҲНИТ ба додгоҳи Ҳисор рафт


Парвандаи Ҷамолиддин(Ҷалолиддин) Маҳмудов, узви раёсати ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурси Тоҷикистонро додгоҳи ноҳияи Ҳисор муҳокима хоҳад кард. Додгоҳи олӣ рӯзи 17 июн парвандаи ин сиёсатмадорро, ки бар асоси моддаи 195-уми Кодекси ҷиноӣ ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад, ба додгоҳи ноҳияи Ҳисор фиристодааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 18 июн Зарафо Раҳмонӣ, вакили мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов хабар дод.

Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015, қабл аз интихоботи парлумонии 1 март аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуд. Ба дунбол, Кумитаи амният бо пахши гузориши муфассале аз тариқи телевизионҳои давлатӣ хабар дод, ки аз манзили Латиф Сардоров, сокини 60-солаи рустои Чуқураки ноҳияи Ҳисор ду таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва як запали норинҷак ёфт ва мусодира шудааст ва Латиф Сардоров гуфтааст, ки ин силоҳҳо ба Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ доранд, ки ҳанӯз соли 1996 ба ӯ дода буд, то “барои ягон рӯзи мабодо” пинҳон кунад.

XS
SM
MD
LG