Пайвандҳои дастрасӣ

Бордюжа: 2-3 ҳазор нафар аз СПАД дар Сурия машқ мекунанд


Николай Бордюжа

Николай Бордюжа

Николай Бордюжа-Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) гуфт, дар қаламрави Сурия аз кишварҳои узви ин созмон 2-3 ҳазор нафар дар суфуфи тундравҳои “Давлати Исломӣ” меҷанганд.

Бордюжа ин суханонро дар Маскав ба рӯзноманигорон баён доштааст. Вай гуфтааст, ин арқом тақрибӣ аст ва мо медонем, ки тахминан чанд нафар дар қаламрави Сурия бо машқҳои низомии “Давлати Исломӣ” фаро гирифта шудаанд. Ба гуфтаи вай, ин 2-3 ҳазор нафар нируи хеле бузарганд.

Бордюжа гуфтааст, ки ҷалби шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва сабаб он аст, ки бар зидди терроризм мубориза кофӣ анҷҷом намегирад.

Дар СПАД шаш кишвар-Русияву Арманистон, Баларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон узвият доранд.

XS
SM
MD
LG