Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ватсон пули фурӯши ҷоизаи Нобелро пас гирифт


Ҷеймс Ватсон дар маросими пас гирифтани ҷоиза

Ҷеймс Ватсон дар маросими пас гирифтани ҷоиза

Ҷеймс Ватсон-наслшинос ё зодшиноси Амрико баъд аз шаш моҳи фурӯшми он дар як музояда ба миллиардери Русия 17 июн дар маросиме дубора онро пас гирифт.

Алишер Усмонов, ки дороиаш 14,1 миллиард доллар тахмин зада мешавад, гуфтааст, ки вай мехоҳад барои дастовардҳои бебаҳои ин донишманд дар соҳаи илм ба вай эҳтиром нишон диҳад.

Вай гуфт, ҷоиза бояд дар дасти соҳибаш бимонад ва хушҳол аст, ки пул барои пешрафти тиб истифода мешавад ва “ҳаёти одамонро дар оянда наҷот медиҳад”.

Ватсон 4,8 миллион доллареро, ки дар музояда аз фурӯши ҷоиза ба даст оварда буд, мехост зиндагии хонаводаи худро таъмин кунад ва дар корҳои хайрияву илмӣ, аз ҷумла дар се донишгоҳе, ки вай кор мекунад, сарф намояд.

Ватсон дар соли 1953 барои кашфи DNA барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши илм шуда буд.

XS
SM
MD
LG