Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол Рамазон дар ҳама ҷо баробар шурӯъ шуд


Дар саросари ҷаҳон бештар аз якуним миллиард мусулмон моҳи шарифи Рамазонро оғоз карданд. Моҳи Рамазон ба тақвими Қамарӣ рост меояд ва маъмулан дар кишварҳои мухталиф вуруди он як рӯз фарқ дорад.

Бо вуҷуди ин соли ҷорӣ Арабистони Саудиву Эрон ва Мисру Индонезия бо таваҷҷуҳ ба таҳқиқоти худ ба хулосае расиданд, ки моҳи Рамазон дар як рӯз баробар оғоз мешавад.

Дар Покистон дар манотиқи қабиланишини Хайбар Паштунхвоҳ Рамазон як рӯз пештар аз манотиқи дигари ин кишвар шурӯъ шудааст.

Имсол дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ Рамазон ҳамзамон дар як рӯз озоз ёфт.

XS
SM
MD
LG