Пайвандҳои дастрасӣ

Пентагон: ДОИШ дар Афғонистон дар марҳилаи ибтидоист


Вазорати дифои Амрико дар гузорише рӯзи 17 июн гуфтааст, ки “Давлати Исломӣ” дар “марҳилаи муқаддамотӣ” қарор дорад ва роҳҳои густариши фаъолиятҳои худ дар Афғонистонро меҷӯяд.

То ҳол тундравҳои “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ ҳузури худ дар Афғонистонро эътироф накардаанд. Вале бими он меравад, ки онҳо мехоҳанд ба он ҷо роҳ кушоянд.

То ҳол Толибон дар Афғонистон чун гурӯҳҳои тундрави исломӣ нуфуз доранд ва ба тундравҳои “Давлати Исломӣ” гуфтаанд, ки ба Афғонистон дохил нашаванд.

Пентагон дар гузориши худ “намунаҳое аз талоши ҷалби маҳдуд” тавассути Давлати Исломиро ёдоварӣ кардааст, вале гуфтааст, ки“ҳузузри онҳо дар Афғонистон дар марҳилаи ибтидоӣ мебошад”.

Дар ин гузориш омадааст, “Давлати Исломӣ” талошҳояшро идома медиҳад, то дар солҳои оянда ҳузури худро дар Афғонистон бештар ва бо Толибону гурӯҳҳои дигари террористиву шӯришӣ рақобат кунад.

XS
SM
MD
LG