Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар фазои Помир


Ҳавопаймоҳои бесарнишини пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон аввалин бор дар фазои Помир парвози иктишофӣ анҷом додаанд. Ситоди ҳавзаи марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки пойгоҳи Тоҷикистон ба он шимол мешавад, мегӯяд, шаби гузашта ҳавопаймоҳои "Форпост" ва "Орлан-10" бар фарози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвоз карданд, то ба нерӯҳои Русия ва Тоҷикистон дар баргузори чорабиниҳои омодагии ҳарбӣ кумак кунанд. Яке аз вазифаҳо муайян карданим макони як гурӯҳи мусалллаҳ дар минтақаи душворгузари ҳарбӣ ва ҳамоҳангсозии нерӯҳои заминӣ буд, ки ба қавли ҳарбиёни Русия бомуваффақият ба анҷом расонда шуд. Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, то чанд муддати дигар теъдоди сарбозону афсарони худ дар ин пойгоҳро то ба 9 ҳзаор нафар хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG