Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Аслов ва Рорабахер дар Вашингтон


Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Вашингтон бо раиси зеркумитаи Конгресси ИМА дар умури кишварҳои Аврупо ва Авруосиё Дан Роҳбарахер мулоқот кард. Дар ин дидор як силсила масъалаҳои равобити байни Тоҷикистону Амрико, аз ҷумла бекор кардани иловаи Ҷексон-Веник нисбати Тоҷикистон баррасӣ шуданд, Ин илова ба қонун, ки бо номи пешниҳодкунандаи онҳо гузошта шудааст, аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, тиҷорати ИМА-ро бо кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи башар поймол мешавад, маҳдуд мекунад. Дар гуфтушунид ҳамчунин масъалаҳои амният ва субот дар Осиёи Марказӣ низ баррасӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG