Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарахон Нурматова дар Хуҷанд гум шудааст


Сокини 63-солаи шаҳри Бодканди Қирғизистон Сарахон Нурматова рӯзи 7 июн барои харид ба бозори шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон рафта, ғайб задбааст. Дар раёсати умури дохилаи вилояти Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Сарахон Нурматова қаблан ҳам ба Хуҷанд барои харид мерафт, вале бо гузашти инак 10 рӯз аз охирин сафари ӯ ба кишвари ҳамсоя дигар дараке аз ин зани кӯҳансол нест. Мақомоти пулис ҳамроҳ бо ҳамкорони худ аз Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи ин зан пардохтаанд.

XS
SM
MD
LG