Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегуяд, мухолифи рақобати мусаллаҳшавист


Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия
Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия

Ҳукумати Русия мегӯяд, майли рақобати нави мусаллаҳшавӣ бо кишварҳои Ғарбро надорад, зеро ин кор ба иқтисоди кишвар зарар мерасонад. Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 17-уми июн гуфт, “Мо мухолифи ҳаргуна рақобати мусаллаҳшавӣ ҳастем, зеро қудрати иқтисодии моро заиф мекунад.” Вай афзуд, ки Русия дар усул мухолифи мусаллаҳшавӣ аст. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Санкт Петербург, Юрий Ушаков, НАТО-ро муттаҳам кард, ки ба марзҳои Русия наздик мешавад ва Маскавро маҷбур мекунад, ки “барои муҳофизати манофеъ ва амнияташ чора биандешад”. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 16-уми июн гуфт, кишвараш имсол 40 мушаки нави байниқоравӣ хоҳад дошт ва нигаронии Ғарбро барангехт. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аз ҷойгир кардани эҳтимолии силоҳҳои вазнини Амрико дар Аврупои шарқӣ чандон нигарон нест.

XS
SM
MD
LG