Пайвандҳои дастрасӣ

Обҳои зеризаминии ҷаҳон кам шудаанд


Аксҳои моҳвораӣ нишон додаанд, ки инсоният захираҳои обҳои зеризаминиро беш аз ҳад истифода мебарад ва маълум нест, ки чӣ қадар об дар ин захираҳо боқӣ мондаанд. Дар ин бора "Маҷаллаи захираҳои об" рӯзи 16-уми июн ду таҳқиқот нашр кард. Дар пажӯҳиши аввалин донишмандони Донишгоҳи Ирвин дар Калифорнияи Амрико вазъи бузургтарин обҳои зеризаминӣ дар курраи Замин дар солҳои 2003-2013-ро таҳқиқ карданд. Ҳоли ҳаштои ин захираҳо “табоҳ” будааст, яъне аз истифодаи зиёд обашон тақрибан хушк шудааст ва бо оби тоза ҳам пур намешаванд. Ҳоли панҷ захираи бузурги дигар комилан “табоҳ” шудааст ва бахусус “Обзои зеризаминии арабӣ”, ки 60 миллион сокини Ховари Миёна аз он баҳра мебаранд. Обзои дуввуми табоҳ “Обзои ҳавзаи Ҳинд” будааст, ки дар шимолуғарби Ҳинду Покистон ҷойгир аст. Ба гуфтаи донишмандон, авзоъ дар оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва тағйири иқлим бадтар мешавад. Бар асоси таҳқиқоти дуввум, ҳаҷми боқимондаи обҳои зеризаминии ҷаҳон, ки қобили истифода ҳастанд маълум нест.

XS
SM
MD
LG