Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушксолии бесобиқа дар Куриёи Шимолӣ


Раҳбар Куриёи Шимолӣ дар яке аз шолизорҳои кишвар.
Раҳбар Куриёи Шимолӣ дар яке аз шолизорҳои кишвар.

Куриёи Шимолӣ ба хушксолии бесобиқае дар 100 соли ахир рӯ ба рӯ шудааст ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мардуми кишвар ғизои кофӣ барои хӯрдан наёбанд. Хабаргузории расмии KCNA рӯзи 16-уми июн гуфт, ба сабаби боришоти кам шолизорҳо дар саросари кишвар хушк мешаванд. Ба навиштаи хабаргузорӣ, деҳқонон дар мазрааҳои хушкшуда, зироатҳои дигар кишт мекунанд, то “хисорот камтар” шавад. Бовар меравад, ки дар солҳои 1990-ум дар Куриёи Шимолӣ садҳо ҳазор нафар бар асари қаҳтӣ ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи Созмони Милал, ҳоло сеяки кӯдакон дар Куриёи Шимолӣ хӯроки кофӣ намехӯранд. Моҳи апрел Созмони Милал аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, барои кӯмакҳои башарӣ ба Куриёи Шимолӣ 111 миллион доллар пул ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG