Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони Амрико созиш бо Эронро баҳс карданд


Сафири Амрико дар Созмони Милал ба Конгресс гуфт, дар сурати маҳдуд накардани фаъолиятҳои атомиаш, алайҳи Эрон ба осонӣ аз нав таҳрим эъмол кардан мумкин аст. Саманта Повер дар ин бора рӯзи 16-уми июн дар ҳузури вакилони конгресс сухан гуфт. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, дар сурати фиребкории Эрон ва риоят накардани бандҳои созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ таҳримот алайҳи он ба таври автоматӣ ҷорӣ карда мешавад. Яке аз талабҳои асосии вакилони конгресси Амрико аз ҳукумат дар робита ба созиши атомӣ бо Эрон эъмоли дигарбораи таҳримот аст. Вале музокиракунандагони Русия ва Эрон гуфтаанд, ки ин гуна шартро қабул надоранд ва гуфтаанд, ки дар ин сурат бояд Шӯрои Амният қарор қабул кунад. Аъзои Кумитаи умури хориҷии Конгресс ба Саманта Повер гуфтаанд, ки дар сурати ба ихтиёри Шӯрои Амният вогузор кардани ҳаққи таҳримот, мумкин аст, Русияву Чин ин гуна қарорро вето гузоранд. Вале ӯ гуфтааст, Амрико иҷоза намедиҳад, ки ҳаққи эъмоли дубораи таҳримот ба дасти Русия ва Чин гузошта шавад. Саманта Повер гуфтааст, ки Амрико қудрате дорад, ки бе ҳимояти Чину Русия, алайҳи Эрон таҳрим ҷорӣ кунад. Панҷ қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон ҳоло дар бораи созиши атомие гуфтугу доранд, ки бар асоси он Теҳрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад ва дар иваз таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ алайҳи он аз байн бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG